ДАРВОЗАИ МАҲАЛ НИШОНАИ МАҲАЛДОРӢ АСТ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо бунёди дарвозаҳои замонавӣ  дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳия ба ҳукми анъана даромада, мардуми маҳал бо ҳашари дастаҷамъона дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" ҳамчун рамзи маҳалдорӣ дарвозаҳои зебову зхамонавӣ бунёд намуда истодаанд. Сокинон ва аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх  дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар маҳаллаи хеш бунёди дарвозаи замонавиро роҳандозӣ намудаанд, ки санаи 9-сентябри соли равон ба истифода дода мешавад. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  иқдоми созандаи сокинони маҳаллаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхро бориз арзёбӣ намуда, иқдоми мазкурро баҳри истиқболи сазовор аз ҷашни 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуданд.