БУНЁДИ ИШООТҲОИ ГИГИЕНӢ БО УСУЛИ ДРЕНАЖӢ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои ҳизбӣ,  пешгирӣ намудани касалиҳои сироятӣ ва ба талаботҳои санитарӣ мутобиқ гардонидани иншоотҳои гигиэнӣ дар ноҳияи Дӯстӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида мешавад.
Ин навбат дар Ташкилоти ибтидоии ҳизбии "КАТС" бо ташаббуси Раиси он Саидзода Аюб дар ҳудуди Маркази саломатии ноҳияи Дӯстӣ як иншооти гигиэнии замонавӣ бо усули дренажӣ сохта ба истифода дода шуд.