ОМОДАГИИ СОКИНОНИ ҲАЁТИ НАВ БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Роҳсозӣ яке аз иқдомҳои  созандаест, ки имрӯзҳо бо маром аз ҷониби  муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳия ва ҷалби соҳибкорону шахсони  эҳсонкор ва саҳми маҳал амалӣ гашта истодааст. Чунин як иқдоми созандагии ҳизбиён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон  баҳри истиқбол аз ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 30-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар партави сиёсати созандаву ободкоронаи Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав роҳандозӣ карда шуд, ки ин навбат зиёда аз 2 киллометр роҳҳои маҳаллаи ҳудуди ҷамоат таъмиру тармим  гардида, аз таъмиру таҷдид бароварда шуда истодаанд. Сокинони маҳал дар нақша доранд, ки ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Рӯзи ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ  корҳои ободониро дар сатҳи маҳал вусъат бахшида, маҳаллаи худро яке аз маҳаллаҳои ободтарини ноҳия муаррифӣ намоянд. Ҳизбиёни ноҳия дар рафти ҳашари дастаҷамъона иштирок намуда, иқдоми ватандӯстонаи сокинони маҳалларо шоиста арзёбӣ намуданд.