ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ-РИСОЛАТИ ОБОДКОРИИ ҲАР ЯК ФАРД

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳар фарди бо нангу ор ва меҳандӯсту меҳанпараст, бо ҳар як амали неку ташаббуси пешгирифтаи худ метавонад, ки саҳми хӯрд ё бузургеро дар ободии диёр гузорад.

Меҳнати софдилонаву садоқатмандонаи ҳар як фарди бо иродаву бо нанг, баҳри пешравию ободии ҳар як гӯшаи Тоҷикистони маҳбуб беназир аст. Маҳз сиёсати хирадмандонаву созанда ва бунёдкоронаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз хӯрд то бузурги миллати тоҷикро масъулиятпазир ва худшиносу худогоҳ гардонид, ки беҳуда нагуфтаанд: “Дӯстдориву ободии Ватан-гӯшаи имондорист”.

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани 30-солагии ҲХДТ-ҳизби пешоҳанги ҷомеа, ҳашарҳои дастаҷамъона дар гулгашту хиёбонҳо ва кӯчаву маҳаллаҳо бо маром идома дорад, зеро ки саодати рӯзгори мо аз ободиву хуррамии меҳан маншаъ мегирад.