ИҚДОМИ НАВБАТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ”-И ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
“Ман ба қудрати созандаву офарандаи мардуми сарбаланди тоҷик эътимод дорам ва як нуқтаро дилпурона изҳор менамоям: мо ҳамаи иқтидору имкониятҳоро дорем, ки раванди ободкориву созандагиро беш аз пеш густариш бахшем, барои расидан ба ҳадафҳои миллиамон кӯшишу ғайрати бештар намоем, ба сарҷамъиву муттаҳидӣ камбудиҳои мавҷударо бартараф кунем, рушди устувори босуботи кишвари азизамонро таъмин созем ва рӯзгори ҳар як хонадони Тоҷикистонро аз имрӯза беҳтар гардонем.”
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
 
Дар тақвияти гуфтаҳои Роҳбари давлат имрӯзҳо бо ташаббус ва иқдоми бунёдкоронаи Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи марказӣ”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Эмомов Ҳусейн як қатор корҳои ободонию созандагӣ дар доираи таҷлили 35-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, аз ҷумла, сафолакпӯшонии роҳравҳо, рангубор намудани атрофи беморхона ва дигар корҳои ободонӣ бо маром идома ёфта истодаанд.