Таъмини нафақаи ҳизбӣ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии ҲХДТ яке аз ташаббусҳои ҳизбӣ, ки дастгирии маъюбону барҷомондагон мебошад, аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар амал татбиқ карда шуд. Дастгириву ғамхорӣ зоҳир намудан ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла маъюбону барҷомондагон, камбизоатон, ятимон ва ниёзмандон яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба шумор меравад.Имрӯз аз ҷониби мудири шуъбаи занон ва кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Шодибеги Идӣ ва мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Гулрухсор Мирзоева ба як нафар модари маъюби гуруҳи якум Раҳматов Наҳтулло сокини ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳия, нафақаи ҳизбӣ барои моҳи июл супорида шуд. Аз ин амали нек модари Раҳматов Наҳтулло хушҳол гардида, барои чунин ғамхориҳо ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минатдории самимона иброз намуданд.