САЛОМАТИИ СОКИНОН АЗ ТОЗАГИИ МАҲАЛ ВОБАСТААСТ

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ, нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ва тозаю зебо гардонидани маҳалли зист  ва сазоваор таҷлил намудани ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла 35-уми солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати шаҳраки Муъминобод” бомаром идома доранд.

Аъзои  ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати шаҳраки Муъминобод”  бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи комил баҳри ободию тозагии муҳити атроф ба ҳашарҳои дастаҷамъона баромада, барои ободии диёри хеш саҳми арзанда гузошта истодаанд.