ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 дар ноҳияи Восеъ бинои иловагии муассисаи таълимӣ барои хонандагони муаасисаи номбурда мавриди истифода қарор дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иштирок намуд.Иттилоъ дода шуд, ки бинои таълимии мазкур тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ бо маблағгузории Ташкилоти ҷамъиятии «Эҳёи Сомониён» иборат аз 1 бино бо 1 блоки якошёна, 6 синфхонаи таълимӣ барои 300 хонанда дар ду баст ба нақша гирифта шудааст. Сохтмони муассисаи мазкур соли 2022 оғоз гардида, фармоишгари он Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи Лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» мебошад. Зимни сохтмони муассисаи таълимӣ беш аз 15 нафар коргарони маҳаллӣ ба корҳои сохтмониву васлкунӣ ҷалб шуданд. Ногуфта намонад, ки дар сохтмони муассисаи мазкур саҳми соқибкорони маҳалли –оилаи Қодирзодаҳо назаррас буда, ин оила дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, инчунин дар фароҳам овардани зиндагии шоистаи мардум нақши муассир доранд.