Мумфаршкунии роҳҳои маҳал бо саҳми шахсони саховатпеша

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ноҳияи Восеъ корҳои созандагиву ободкорӣ бо маром идома доранд. Ва ин шаҳодати он аст, ки сокинони меҳандӯсту ободкор, хайрхоҳу ватанпарвар дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми наҷиби созандагиро пешаи худ намудаанд. Боз 5000 метр роҳҳои деҳаи Ҳасан Қурбонови ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ ҳамвору мумфарш гардида корҳо дар ин самт ҷараён дорад. Ин тадбири муҳиму созанда, ки аз дастуру ташаббусҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, бо ибтикори соҳибкорони хайрхоҳ ва сокинони савобҷӯ ба анҷом расонида шуд. Бояд қайд намоем, ки аз ин иқдом сокинон хеле шоду мамнун гардида, миннатдории худро ба соҳибкорон ва ташкилкунандагони ин иҷдоми нек расониданд.