МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Дар толори шуъбаи маорифи ноҳияи Балҷувон  оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон  барои нимсолаи якуми соли ҷорӣ ва вазифаҳо барои давраҳои оянда  маҷлис доир гардид.

Дар маҷлис  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  Саидзода Ҷамшед Ҳамро, узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии  ҲХДТ, раиси ноҳияи  Балҷувон  Сафарзода Бахтиёр Ғанӣ, аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, раисон ва муовинони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолону собиқадорони ҳизб ширкат доштанд.
 

Бояд гуфт, ки дар маҷлиси мазкур масъалаҳои ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар нимсолаи якуми соли 2023 ва нақшаҳо барои минбаъда, ҷамъбасти  нақшаи “Обуна-2024”  ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ”, тасдиқи нақшаи корӣ барои нимсолаи дуюми  соли равон ва масъалаҳои ҷорӣ  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Нахуст,  маҷлисро  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Маърифат Зоирзода  оғоз бахшида, вобаста ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар давоми нимсолаи якум гузориш дод.

 

Кайд гардид, ки ҳамасола яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ “Обуна” ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” баргузор мегардад, ки иҷрои саривақтии  он  аз  ҳар як аъзои ҳизб  масъулияти баланди ташкилӣ ва ташаббускориро тақозо мекунад. Зеро маҳз, ҳамин нашрияҳо инъикосгари асосии фаъолияти корҳои таблиғотиву идеологии ҳизб мебошанд. Бо дарназардошти ин дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон  Ситоди “Обуна-2024” ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” таъсис дода шуда, ҳизбиёни ноҳия  барои таъмини  иҷрои нақша пешсафӣ нишон доданд, ки боиси сарфарозист.
 

Сипас,  музокирачиён Саидшо Ҳусейнов, Каримзода Сафарбек ва Сайдализода Шаҳбоз суханрони карда, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувонро дар давраи ҳисоботӣ мусбӣ арзёбӣ намуданд.
Дар идома Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси  Кумитаи иҷрояии ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Сафарзода Бахтиёр Ғанӣ, раиси ноҳияи Балҷувон оид ба дастоварду пешравиҳои замони соҳибистиқлолии кишвар таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташаббусҳои байналмилалии Роҳбари давлат, самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, дӯст доштани Ватан, ҷалби ҷавонони синни давъатӣ ба сафи Артиши миллӣ, тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, расидан ба қадри хизматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат дар самти рушду ободии сарзамини аҷдодӣ, тақвият бахшидани корҳои  таблиғотиву ташвиқотӣ миёни сокинон,  саҳмгузорӣ дар  корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба хотири истиқболи шоиста аз 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демок-ратии Тоҷикистон, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ибрози андеша намуданд.

 

Дар фарҷом барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ як қатор  фаъолон бо Ифтихорномаву сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҳизб сарфароз гардонида шуда, ба ҷавононе, ки бори аввал ба сафи ҳизб пайвастанд, шаҳодатномаи ҳизбӣ тақдим карда шуд.

Зебо БОЗОРОВА
“Ҳамрози халқ”