МАҶЛИСИ ВАСЕИ КУМИТАИ ИҶРОИЯ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

20-уми июл Маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи якуми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ  доир гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки дар маҷлиси васеъ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демок-ратии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, узви Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва шаҳрии ҲХДТ, раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло Раҷаб, фаъолон, вакилон ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ иштирок доштанд.
 

Дар маҷлис фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар нимсолаи якуми соли 2023 ва нақшаҳо барои давраи оянда, ворид намудани тағйирот ба ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ, тасдиқи нақшаи корӣ барои нимсолаи дуюми соли 2023 ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло оид ба фаъолияти нимсолаи якуми соли равон баромад намуд. Қайд гардид, ки ҳизбиёни шаҳри Бохтар дар нимсолаи якуми соли 2023 дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти шаҳр ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд. Дар ин давра 12  ташкилоти ибтидоӣ таъсис дода шуда, 800  нафар ба сафи ҳизб қабул карда шудааст.
 

Инчунин, аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва маҳаллаҳои шаҳр бо сокинон ҷиҳати таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд.
 

Сипас, Абдуназарзода Шоиста, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳнамо”, раиси ташкилоти ибтидоии “Ҳунармандони театри ба номи Ато Муҳаммадҷонов” Саидзода Отахон вобаста ба дастовардҳо, пешравиҳо ва камбудиҳои дар ин соҳа мавҷудбуда ба музокира баромада, фаъолияти Кумитаи иҷроияро дар нимсолаи якум хуб арзёбӣ намуданд.
 

Ҳамин тариқ, аз рӯи масъалаҳои баррасигардида қарор-ҳои дахлдор қабул карда шуд. Баъд аз баррасии масъалаҳо узви Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва шаҳрии  ҲХДТ, раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло Раҷаб вобаста ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ ва ҳамчунин иштироки аъзои ҳизб дар корҳои созандагию ободонӣ дар ҳудуди шаҳр суханронӣ намуда, ҷамъомадагонро барои саҳм гузоштан дар ободонии шаҳр даъват кард.
Дар идома, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро доир ба дастоварду пешравиҳои замони соҳибистиқлолии кишва таҳти сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯст доштани Ватан, тарбияи дурусти фарзандон дар руҳияи баланди хештаншиносиву ваҳдату ягонагӣ, расидан ба хизматҳои шоёни Пешвои миллат, сулҳу оромӣ, истиқболи шоиста аз 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ, 35- солагии Истиқлоли давлатӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва амсоли инҳо суханронӣ карда, таъкид дошт, ки ҳизбиёни шаҳри Бохтар дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ қариб дар ҳамаи самтҳо пешоҳангӣ нишон дода, дар натиҷагирӣ аз  рейтинги ҳизбӣ сазовори ҷойи аввал гардид.
Дар фарҷом як қатор фаъ-олони ҳизб, ки дар татбиқи ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ саҳми арзанда гузошта буданд, бо Сипоснамаи Кумитаи иҷроияи вилоятию шаҳрӣ сарфароз гардонида шуданд.

“Ҳамрози халқ”