ТАШАББУСИҲОИ ҲИЗБӢ ДАР АМАЛ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35 солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар ҳудуди деҳаҳо, ҷамоатҳою шаҳраку деҳоти  ноҳияи Дӯстӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома доранд.

Чунин иқдом  дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки 20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Шаҳраки 20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон" Абдуллоев Раҷаббек  вусати тоза пайдо намуда роҳҳои ҳудуди шаҳрак ба масофаи ду километр сангфарш гардонида шуданд.
Ҳамзамон аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  азм доранд, ки бо аъзоён ва тарафдорони  ҲХДТ дигар роҳҳои ҳудуди Ҷамоатро сангфарш карда дар корҳои ободкорию созандагӣ саҳми арзандаи  худро гузоранд.