Омодагиҳо ба соли нави таҳсил.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 27-уми июли соли равон тибқи нақша-чорабиниҳои шӯъбаи маорифи ноҳияи Восеъ дар муассисаи таълими №49-и ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ, ки бинои нави муассисаи таълимӣ дар рӯзҳои наздик кушода мешавад ҳашари дастаҷамъона баргузор карда шуд. Зимни баргузории ҳашари дастаҷамъона ва рафти корҳои таъмиру азнавсозӣ аз ҷониби масъулин таъкид гардид, ки таъмир барои соли хониши 2023-2024 босифат ба анҷом расонида шавад ва барои анҷоми корҳо дар ин самт аз ҷониби масъулин маслиҳатҳои судманд дода шуд.Бояд қайд намуд, ки бе рушди соҳаи маориф, рушди соҳаҳои дигар ғайриимкон аст, аз ин рӯ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро соҳаи афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда, барои рушди он тамоми тадбирҳоро меандешад, аз ин ҷост, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ садҳо биноҳои таълимӣ сохта, ба истифода дода шуданд ва раванди таълиму тарбия ба таври назаррас рушд кард.