СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ДАР ДОИРАИ ТАШАББУСИ ҲИЗБИИ “МАКТАБИ МАН”

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади таъмини шароити мусоиди таълиму тарбия баҳри насли наврас ва дар синфхонаҳои дорои шароити хуби таълимӣ омӯхтани илму ҳунар, имрӯзҳо бо истифода аз рӯзҳои таътил дар аксарияти муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷайҳун дар доираи аксияи муштараки “Мактаби ман” таъмиру сохтмони бинои муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бо маром амалӣ гардида истодааст.

Аз он ҷумла, чунин ташаббуси созанда дар назди муассисаи таълимии №43-и Ҷамоати деҳоти Истиқлол бо иқдоми шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва фаъолону ҷонибдорони ҳизб сохтмони як бинои нави таълимӣ дорои 6 синфхонаҳои иловагӣ амалӣ гардида, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.