ВАТАНДОРӢ АЗ ГӮШАИ ИМОН АСТ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Мавзӯи ватандориву ватанпарастӣ  дар ислом  ҷойгоҳи махсус дорад ва мо, ходимони динро лозим аст атрофи ин мавзӯъ миёни мардум, ба хусус ҷавонон суҳбату вохӯриҳоро бештар доир намоем. Зеро дар руҳияи ин арзишҳо ба воя расонидани насли ояндаи кишварамон омили рушду устуворӣ ва дастоварду пешрафтҳои бузург дар тамоми арсаҳои ҷамъиятӣ шуда метавонад. Ин аст, ки роҳи ҷаҳду муборизаҳо ба хотири ояндаи меҳан роҳест пурифтихору мояи сарбаландиву пирӯзиҳои инсоният.

Яке аз муқаддастарин иборае, ки аз хушбахтию саодатмандии ҷомеаи башарӣ дарак медиҳад, ин “Ватан” асту хизматаш барои ҳар фарди бонангу ор шараф. Дар боби ватандорӣ низ дар ислом ба ин мисол бисёр таъкиду дастурҳои судманд дода шудааст: “Ватандӯстӣ аз гӯшаи имон аст”.
 

Дар воқеъ, ҳар фарди худогоҳро мебояд, ки Ватани худро бештар аз ҳама дӯст дошта, баҳри ҳифзу амният, ҳимояву осудагӣ дар сарзамини ба воярасидаи худ содиқона хизмат намояд. Зеро таҷрибаи талхи гузаштагонамон собит намуд, ки соҳибватан будан нишонаи саодатмандии мардум аст. Чун инсон ҳама орзуву ормонҳои наҷиби худро танҳо дар меҳани худ  амалӣ намудаву ба хушбахтию саодати зиндагӣ ноил мегардад.
 

 Меҳру муҳаббати бузург ба Ватан инсонро ба фатҳи қуллаҳои баланди орзуҳояш мерасонад. Маҳз ҳамин садоқату муҳаббати беандозаи фарзандони фарзонаи миллат нисбат ба Ватани худ буд, ки Тоҷикистони азизи мо сол аз сол ободу зеботар гардида истодааст.
 

Тавре ки Умари Хаттоб гуфта буд; “Агар муҳаббат намебуд ҷойҳои хароб обод намешуд”. Дар воқеъ ҳам, ободиву пешрафти имрӯзаи меҳани азизи мо аз садоқату муҳаббати бузурги Пешвои муаззами миллат нисбат ба Ватан сарчашма мегирад ва аз файзу баракати ин меҳру муҳаббат гӯшаву канори Тоҷикистони азиз марҳила ба марҳила обод гардидаву ҳаёти сокинони он  ранги дигар мегирад. Тавре ҳамагон огоҳӣ дорем, имрӯзҳо бо мақсади истиқболи арзанда аз ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар саросари кишварамон корҳои ободонию созандагӣ бо вусъати баланд ҷараён дошта, бо ибтикори пешоҳангони ҷомеа ва мардуми ватандӯсти Тоҷикистон садҳо иншооти гуногуни хизматарсонӣ бунёд гардида истодааст. Албатта, раванди ташаббусҳои созандагӣ ва рӯз аз рӯз ободтару зеботар гаштани ҳар қадамҷои сарзамини муқаддаси Тоҷикистон аз фазои сулҳу осоиштагӣ дар кишвар маншаъ мегирад, ки мардуми заҳматқарини Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат бастаанд.
 

Аммо дар баробари пешрафту дастовардҳо ҳамзамон моро мебояд, ки ҷиҳати ҳифзу ҳимояи меҳани азиз ва тарбияи насли ояндаи мамлакат дар руҳияи ватандӯстиву ҳисси ифтихор аз ҳимояи меҳан таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоем. Зеро, дар баробари равандҳои ҷаҳонишавӣ имрӯз иддае аз ашхоси гумроҳ, ки бинобар бесаводиву нодонӣ таҳти таъсири идеологияи бегонапарастӣ монда, нисбат ба  Тоҷикистон ва ҳокимияти қонунии он бадгӯӣ мекунанд. Аммо мутмаинем ва тавре дар урфият мегӯянд: “Чоҳкан зери чоҳ” ва рӯзе мерасад, ки ин ифроди гумроҳшуда аз карда пушаймон хоҳанд шуд, ки баъдан, худкардаро даво нест.
 

Воқеан, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хатарзо аз масоили доғи ҷомеаи ҷаҳонист ва пӯшида нест, ки омилҳои гумроҳии насли ҷавон нодониву фирефтаи идеологияи бегона шудани онҳо аз сатҳи тарбия дар оила сарчашма мегирад. Чуноне, ки дар ҳадис омадааст: “Ҳар яки шумо дар хонадон ба манзалати посбон масъулият доред, ки фардо аз ин масъулияти хеш пурсида мешавед” .
Инчунин, дар ояти 6-уми сураи “Таҳрим”-и Қуръони карим низ Парвардигор мегӯяд:
“Эй муъминон, хештан ва аҳли хонаи худро аз оташе, ки оташафрӯзи он мардум  ва сангҳо бошанд, нигоҳ доред!”.
 Аз ин рӯ, падару модарон бояд огоҳӣ дошта бошанд, ки фардо аз амали фарзандонашон пурсида мешаванд ва хуш ба ҳоли он волидоне, ки фарзандаш пайи анҷом додани амалҳои хайру савоб талош варзидаву номбардори оилаву Ватани худ мебошанд. Аммо ҷавононе, ки фирефтаи гурӯҳҳои иртиҷоӣ шуда, бар зидди ватану ҳамватанон ва умуман бар зарари аҳли башар амалеро анҷом медиҳанд, ҳамчун душмани миллату давлати худ мавриди нафрати мардуми осоишта қарор мегиранд.

 

 Феълан, барои тарбияи насли башар аз ҷумла, наврасону ҷавонони кишварамон ҳаёти зиндагии пайғамбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) беҳтарин намунаи ибратомӯзист ва хуб мешуд дарси муҳаббат ба Ватан ва эҳсоси ватандӯстиро аз ин шахсияти беназири олами ислом биомӯзем. Тавре ривоят мекунанд, баъди дидор ва башорати паёмбарӣ Расули Худо аз ғори Ҳиро дар ҳолати изтироб назди ҳамсараш  Хатиҷа омада, ҳодисаро  нақл мекунанд. Сипас,  ҳикмату таъсири ҳолатро аз амаки солманди Хадиҷа, Варақа ибни Навфал, ки аз  китобҳои Инҷилу Таврот бохабар буд, пурсон мешавад. Варақа мегӯяд; Эй Муҳаммад (с) ин нишон аз Пайғамбарии туст ва туро дар пеш мақому шаъни олӣ интизор аст. Кош он замон мебудаму туро пуштибонӣ мекардам. Бидон туро қавмат дурӯғгу мегӯянду шиканҷаву азиятат медиҳанд. Туро аз Ватан берун мекунанд. Ҳикмати ин қиссаи воқеӣ дар онаст, ки вақте Расули Худо мешунавад, ки ӯро дурӯғгу гуфтаву шиканҷа медиҳанд, оромона Варақаро гӯш мекунад, аммо дар мавриди оне, ки мегӯяд туро аз Ватан берун мекунанд бо ҳисси изтиробу хиҷолат ҳабиби Худо такрор мекунад: “Оё манро аз Ватан хориҷ мекунанд?”.
 

Чун рӯзе мерасад, ки бояд Муҳаммад (с) аз шаҳри Макка ба шаҳри Мадина ҳиҷрат кунад, мегӯяд: “Агар амри Худо намебуд зодгоҳамро тарк намекардам”.
Дар шаҳри Мадина низ ҳар гоҳе сӯи Байтулмуқаддас намоз мехонанд, аммо ҳушу ёдашон ҳамеша ҷониби шаҳри Макка буд. Шояд ҳамин муҳаббату садоқати ватандории пайғамбар буд,ки зимни адои намози аср ҳазрати Ҷабраил ба ӯ хабар медиҳад, ки намозатро аз ин пас ҷониби шаҳри Макка бихон. Ҳамин тавр, Расули Худо (с) ракъати сеюму чоруми намози асрро ҷониби Макка мехонанд. Ин масҷид  то ба имрӯз бо номи “Қиблатайн” дар шаҳри Мадина вуҷуд дорад, ки ҳоҷиёни мо зимни сафарашон онҷо низ намоз мехонанд.

 

Инсоне, ки қалбу нияташ пок асту Ватанро сидқан дӯст медорад, назди Худованд низ қадру манзалат дорад. Бо ин мақсад, Пешвои муаззами миллати мо пайваста ба ҳамватанон, хосса ҷавонон таъкид менамоянд, ки Ватанро дӯст доред ва баҳри ҳифзу осудагии он камари ҳиммат бандед. Тавре, ки 26 декабри соли 2018 зимни ироаи Паём Президенти кишвар бо таваҷҷуҳи хосса нисбат ба ҷавонон таъкид доштанд; “Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд. Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем. Ман ба ҷавонони кишвар барои дастгириашон аз сиёсати давлату Ҳукумат ва хизмати содиқонаашон миннатдории самимӣ баён мекунам”.
 

Умедворам, ҷавонон дар мавриди адои хизмати Ватан -Модар содиқ буда, дар рушди тамоми соҳаҳо ва дар мавриди амалигардии ҳадафҳои стратегии Роҳбарияти Олии мамлакат мавқеъгирӣ менамоянду аз неруву ташаббусҳои неку бузургашон дарак медиҳанд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки ҳарчанд ҷавонон фаъол бошанд ҳам, валекин таҷрибаи зиндагӣ надоранд. Аз ин лиҳоз, падару модарон, омӯзгорон ва дигар фаъолони ҷомеаро лозим аст, ки ба хотири тарбияи маънавӣ, касбу ҳунаромӯзии ҷавонон саъю талоши бештар намоянд, то насли ояндаи мо, дар руҳияи арзишҳои муқаддаси миллату ватандорӣ ҳамчун фарзандони солеҳ ва ҳомии ҷонфидои меҳани худ ба воя бирасанд.

Усмоналӣ Нурзода, муовини
раиси Шӯрои уламои Маркази
исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон