МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

 

Дар Мақомоти иҷ-роияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли ҷорӣ ва вазифаҳо барои давраҳои оянда маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.
 

Ёдовар мешавем, ки дар маҷлис узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва  ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳия Гулзода Зафар, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҳусейнзода Наврӯз, аъзои Кумитаи иҷроия, раисону котибони ташкилотҳои ибтидоӣ, фаъолону вакилони ҳизбӣ ва  собиқадорони ҳизбу меҳнат иштирок доштанд.
Зимнан  Назарзода Толибҷон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба маҷлиси ҷамъбастӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи он шинос намуд.

 

Мавриди зикр аст, ки дар маҷлис фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар нимсолаи аввал ва муайян намудани вазифаҳо барои давраҳои оянда, ворид намудани тағйирот ба ҳайати Кумитаи иҷроияи ноҳия, тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд.
 

Сипас, Назарзода Толибҷон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳия доир ба фаъолияти Кумитаи иҷроия барои нимсолаи якуми соли 2023 ва муайян намудани вазифаҳо барои давраҳои оянда баромад  намуд.
Ҳамчунин, аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома Ҷумъахони Назрӣ, собиқадори ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии “Насими Терай” ба сухан баромада, ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияро мусбӣ арзёбӣ намуд.

 

Дар идома  Ҳусейнзода Наврӯз, муовини раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб ва Гулзода Зафар узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ ба сухан баромада, доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, татбиқи ташаббусҳои ҳизбӣ дар маҳал, амалишавии нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ”, “Ҳамрози халқ” ва “Овози халқ”, саҳми ҳар як аъзои ҳизб дар татбиқи амалишавии ҳадафҳои Барномавӣ, Оинномавӣ ва Низомномавии ҲХДТ, пешгирии гароиши ҷавонону наврасон аз ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ  ибрози ақида намуданд.
 

Дар интиҳо аз рӯи масъалаҳои пешниҳодгардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, як қатор фаъолону  собиқадорони ҳизбӣ бо сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи вилоятиву ноҳиявии ҳизб сарфароз гардонида шуданд.

“Ҳамрози халқ”