НАФАҚАИ ҲИЗБӢ СУПОРИДА ШУД

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

    Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар  санаи 18.07.2023  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Носири Хусрав  бо мақсади амалӣ  намудани сиёсати ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати маъюбон, ниёзмандон ва қишри осебпазири аҳолӣ ба 1-нафар маъюби гурӯҳи якум аз ҳудуди ноҳия Ҳакимов Ҷурабек аз тарафи КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон нафақаи ҳизбӣ ба маблағи 1000 сомонӣ супорида шуд.

     Зимни расонидани кӯмаки молиявӣ  мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои ҲХДТ дар вилояти Хатлон Асроров Саидшо, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Саидмуродова Шаҳло, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Сафаров Нурхон иштирок намуданд.