Ҷараёни корҳои обёрикунии сокинон бо обҳои аз ҷиҳати экологи тоза.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дастраси ба оби ошомиданӣ ва полезӣ проблемаи имрӯзу дирӯз нест. Ин масъала аз вақти пайдоиши инсоният аз он масъалаҳоест, ки одамон роҳи ҳалли онро меҷӯянд. Зеро бе об ҳаёт вуҷуд дошта наметавонад. Имрӯз ҳам кишварҳое ҳастанд, ки мардумашон аз нарасидани оби ошомиданӣ азият мекашанд. Дар баъзе давлатҳо нархи об аз нархи сӯзишворӣ ҳам боло меистад.

Хушбахтона кишвари мо аз ҷиҳати  обҳои софу  ошомидани бой аст ва дар тамоми гӯшаву канори ватани азизамон сокинон дар хонаҳои худ аз обҳои софу тоза бемамоният истифода мебаранд. Имрӯзҳо бо ибтикори шахсони хайрхоҳу соховатпеша дар деҳаи Хоҷа-Мӯъмини Ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ корҳои обёрикунӣ ба масофаи зиёда аз 7 километр  оғоз гардидааст. Баъд аз ба охир расидани ин амали хайр сокинон бо обҳои ошомиданӣ таъмин мегарданд ва яке аз мушкилоти асосии деҳа ҳалли худро меёбад.