СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ ТИБҚИ АМАЛИЁТИ «МАКТАБИ МАН»

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи нақша-чорабиниҳои шуъбаи маорифи ноҳия таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ ва дар назди муассисаҳо сохтани синфхонаҳои иловагӣ бо маром идома дорад. Бо мақсади боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ Солиҳзода Рустам ба муассисаи таълимии №55 ташриф оварданд.Албатта бунёди синфхонаҳои иловагӣ бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи насли наврас мусоидат намуда, хонандагон баъди ба истифода додани синфхонаҳои иловагӣ метавонанд аз он васеъ истифода намоянд. Ҳамзамон ин имкони кам кардани норасоии ҷойи нишаст дар муассисаи мазкур мегардад ва туҳфаи хубе ба хонандагону омӯзгорони муассиса мебошад. Зимни боздид мудири маорифи ноҳия ба сохтмончиён барои ҳарчи зудтар ва босифат сохта ба истифода додани синфхонаҳои иловагӣ маслиҳатҳои муфид доданд.