АМАЛИЁТИ “РӮЗИ ЁДОВАРӢ” ДАР АМАЛ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 10 июли соли 2023 дар деҳаи Мирзо Турсунзодаи ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён барои  тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо амалиёти “Рӯзи ёдоварӣ” баргузор шуд.

Дар чорабинии ҳизбӣ сокинон ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дохил ва атрофи оромгоҳи деҳаи худро аз алафҳои бегона ва растаниҳои худрӯй тоза карда, зери дарахтонро нарм намуданд.

Дар охири амалиёт кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо иштирокдорон мулоқот доир намуда оиди масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ карданд. Ҳамзамон масъулини ҳизбӣ ба сокинон ҷиҳати  дастгирии амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” миннатдории хешро баён доштанд. Ин ташаббус дар тамоми оромгоҳҳои ҳудуди ноҳия идома дошта, корҳои созандагиву ободонӣ рӯз то рӯз вусъати тоза гирифта истодааст.