ТАТБИҚИ АКСИЯИ ҲИЗБӢ ДАР МАҲАЛ

Ш.Шоҳин: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамоҳагиву ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳо ва аъзои фаъолу ҷалби соҳибкорони Ватанӣ рӯз аз рӯз дар ҳар гӯшаи мамлакат корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифта, ба зебогии диёр ҳусни таровати бештар зам намуда истодааст.

Таъмиру азнавсозии роҳҳои дохилимаҳаллӣ яке аз амалҳои бунёдкорона ба шумор рафта, дар рушду нумӯи хоҷагии халқи мамлакат таъсири мусбӣ хоҳад расонд.  Аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳсозон" 3 км роҳе, ки маркази шаҳракро бо деҳаи Зулмободи ҷамоати деҳоти Шӯрообод мепайвандад, корҳои таъмириву азнавсозӣ ва сангфаршкунӣ оғоз гардида, дар кутоҳтарин муддат ба истифода дода хоҳад шуд.

Ёдовар бояд гашт, ки роҳи мазкур дар даврони Шӯравӣ таъмир гардида, баъд аз гузашти солҳо таъмирталаб буда, дар рафтуои сокинон монеаҳо эҷод мекард.

Ин амали хайрхоҳона дар доираи аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” татбиқ гардида истодааст.