ТАЪМИРУ АЗ НАВСОЗИИ ИНШООТҲОИ ГИГЕНӢ

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва дар амал татбиқ намудани аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” дар ноҳияи Балҷувон  иншоотҳои гигиенӣ - ҳоҷатхона ва ҷойҳои дастшӯйи бо усули дренажӣ сохта шуда, аз сари нав таъмир мегарданд.

Бояд қайд намоем, ки ҳамарӯза аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия миёни аҳолӣ корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ оиди азнавсозии иншоотҳои гигиенӣ дар манзилҳои истиқоматӣ, муассисаву корхонаҳо, меҳмонхонаву шоҳроҳҳо баргузор карда мешавад.

Ташаббуси роҳандозинамудаи ҳизбиёнро сокинони ҷамоатҳои ноҳия  иқдоми саривақтӣ дониста, дар сохтмону азнавсозии иншоотҳои гигиенӣ дар деҳаву маҳаллаҳо саҳми хешро хоҳанд гузошт.