БАРНОМАИ ФАРҲАНГӢ БАРОИ САРБОЗОНУ АФСАРОН

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи баргузории нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар қисми низомии 6593-и ноҳия чорабинии идона баргузор гардид. Чорабиниро ҳунармандони Кохи фарҳанги ноҳия бо сурудҳои дилнишин дар васфи Ватан- Модар идома бахшида, хотири сарбозону афсарон ва модарони онҳоро шод намуданд. Афсарону сарбозон, вакилону модарони сарбозони ноҳия зери навои ҳунармандони Кохи фарҳанги ноҳия рақсу бозӣ намуда, шукрона аз давлати ободу озод намуданд.