ВАРЗИШ ОМИЛИ СОЛИМИИ ҶОМЕА

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Шоҳин

Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо дастгирии соҳибкори муваффақ, аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Наҷмиддинов Қиёмиддин дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия  бахшида ба 26- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ  ва гиромидошти хотираи падараш Наҷмиддинов Низом- собиқ варзишгар ва омӯзгори муассисаи таълимии №3 мусобиқаи варзишии Волейбол ташкил ва гузаронида шуд.
Дар ин мусобиқа 14 даста аз миёни ҳам қуваозмоӣ карданд. Дастаҳои деҳаҳои Навобод, Зулмобод, Доғистон ва Кишт бо мағлуб намудани рақибонашон ба даври ниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд.
Бояд гуфт, ки дастаи волейболбозони деҳаи Навобод аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон дода,  дар даври ниҳоӣ дастаи деҳаи Зулмободро шикаст дода,  мақоми аввалро соҳиб шуданд. Ғолибони мусобиқа бо сипоснома, медал ва туҳфаҳои пулӣ сарфароз гардиданд.