АРВОҲИ ГУЗАШТАГОНИ ХУД ШОД КУНЕД

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар санаи 25-уми июни соли 2023 дар асоси ақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик ва бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани атроф ва дохили оромгоҳҳо ҳар якшанбеи охири моҳ, ташаббуси ҳизбии "Рӯзи ёдоварӣ" баргузор мегардад.

Чунин иқдом имрӯз дар арафаи Иди Қурбон дар оромгоҳи Ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯд, ноҳия Темурмалик баргузор карда шуд.

         Дар ин чорабинӣ муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Валиев Баҳоваддин, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Хушдили Раҷабалӣ, бо иштироки волонтёрон, ва аъзоёну ҷонибдорони Ҳизб дар Аксияи ҳизбӣ таҳти унвонӣ “Рӯзи ёдоварӣ” баргузор гардид.

         Дар Аксияи мазкур дохил ва атрофи оромгоҳ тоза карда шуда, ва дарахтони навниҳоли атрофи оромгоҳ обшорӣ карда шуд.

Чунон, ки шоир гуфтааст

Онон,ки куҳан асту онон,ки наванд 

Ҳар як пайи якдигар яко як бишаванд

Ва ин мулки ҷаҳон ба кас намонад Ҷовид

Рафтанду равему боз оянду раванд.