БАРГУЗОРИИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР ТАШКИЛОТИ  ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “САРИ МАЗОР”

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷуҳурии Тоҷикистон дар МТМУ № 10 ҷамоати деҳоти Сафар Амиршоеви ноҳияи Балҷувон амалиёти муштарак зери унвони “Соати сиёсӣ” баргузор гардид. Омӯзгорон дар баргузории “Соати сиёсӣ” доир ба муқаддасоти миллӣ Ваҳдату Истиқлолият сухан ронда, қайд намуданд, ки Ваҳдат сарчашмаи хушбахтии насли наврас ва зиндагии шоиста мебошад. Ҳамзамон дар синфҳои 11-ум оид ба дохилшавии хатмкунандагон ба Маркази Миллии Тестӣ низ суҳбатҳо иброз гардиданд, ки ин ҳама василаи шинохти мо аз баргузории чунин амалиётҳои хуб ва хештаншиносӣ сурат мегирад.