КУМАКҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дасти ёрӣ дароз намудан ба ятимону ниёзмандон дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ амали савобу фазилати инсонӣ ба ҳисоб меравад.  Имрӯз аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ Ҳамидзода Абдулҳафиз ва Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Иттифоқ" Узбеков Нусратулло дар арафаи Иди саиди қурбон ба модари танҳо Мирзоева Гулчеҳра, ки дар тарбияаш се фарзанди ноболиғ  дорад кӯмаки яквақтаина аз қабили орд, равған, картошка, пиёз ва дигар маводи хӯрока  расонида шуд.