ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБИИ “МАКТАБИ МАН” - ОМИЛИ ПЕШРАФТИ СОҲАИ МАОРИФ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат, раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ташаббусҳои созандаи ҳизб дар соҳаи маорифи ноҳия амалиӣ гардида истодаанд.

    Ин навбат дар доираи амалишавии амалиёти муштарак зери унвони “Мактаби ман” бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Зайдулоев Муҳаммадҷон имрӯз дар муассисаи таълимии №20-и ноҳияи Ҷайҳун бо саҳми ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи падару модарони муассиса корҳои ободонӣ амалӣ гардида, таъмири бинои муассиса оғоз гардид .

Маврид ба ёдоварист, ки аъзо ва чонибдорони ҳизб ҳамзамон сокинони гирду атрофи муассиса дар ин кори басо хайр дарстачаъмона ва муташакилона ширкат варзида, бо ин восита садокати худро ба сиёсати окилонаю дурандешонаи роҳбарияти олии кишвар собит менамоянд.