БАҲРИ ОБОДИЮ САРСАБЗИИ ВАТАНИ АЗИЗАМОН САҲМ МЕГУЗОРЕМ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Рӯзи 17 июни соли 2023, дар доираи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Певои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси  ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Данғара” доктори илмҳои иқтисодӣ профессор Хайрзода Шукурулло Қурбоналӣ бо ҳайати кормандон ва омӯзгорони донишгоҳ дар  Аксияи экологӣ иштироки фаъолона намуданд. Дар Аксия кормандону омӯзгорони донишгоҳ ҳудуди шоҳроҳи Кулоб – Данғара – Душанберо аз партовҳо тоза намуданд. Ҳамаи кормандони донишгоҳ ҷиҳати ободу хуррамгардонии ноҳияи Данғара ҳамарӯза саъю кӯшиш менамоянд.