БУНЁДКОРӢ - ДАР НИҲОДИ ТОҶИКОН

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара оид ба татбиқи амалии  Аксияи “ Якҷоя месозем!” дар тамоми гӯшаву канори ноҳия,  инчунин муассисаҳои таълимӣ корҳои созандагию ободкориро бахшида ба 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандози намуда истодааст.

Бо ҳамин мақсад бо ҷалби  соҳибкорони маҳаллии Ҷамоати деҳоти Пушинг, деҳаи Ғиҷоваки ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 деҳаи номбурда таъмир ва азнавсозӣ гашта истодааст.

Соҳибкорони бонангу ори деҳа тасмим гирифтаанд, ки муассисаи хатмнамудаи худро ободу азнавсозӣ гардонида, бо тамоми лавозимоти хониш ва шароити хуби таълими то аррафаи соли нави хониш сохта ба астифода дода, хонандагонро дар соли нави хониш бо шароити хуби таълими истиқбол мегиранд.