МУМФАРШ НАМУДАНИ РОҲҲО ҲАДАФИ МОСТ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ба истиқболи 35 – солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара, як қаттор корҳои ободониву созандагӣ  аз ҷумла сангфаршкунӣ ва мумфаршкунӣ бо маром идома ёфта истодааст.

Дар маҳаллаи №6 – и ҷамоати шаҳраки ноҳияи Данғара дар баробари дастгирии ташаббусҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи  Данғара соҳибкорони маҳаллӣ, саховатмандон ва сокинон низ дар ин  амали хайр саҳми арзандаи худро мегузоранд. Бояд қайд намуд, ки  маҳаллаи номбурда,  пас аз сангфарш гардидан  роҳҳи байни маҳалла пурра мумфарш карда шуд. Барои корҳои ободонӣ ва мумфаршкунии  маҳалли зисти худ бояд  ҳар як нафар саҳми худро  гузорад.