СОКИНОН БАРОИ ЗАХИРАИ ЗИМИСТОН ОМОДАГӢ МЕБИНАНД

Ҷ.Балхӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша чорабиниҳои шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ санаи 14 июни соли 2023 дар Ҷамоати деҳоти Маданият бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроия дар ноҳия Маликова Тахмина, Шодиева Нозанин ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, Холиқова Соҳибҷамол бо занон ва бонувони маҳаллаҳои Панҷсола суҳбату вохуриҳо баргузор гардида, аз ҳосили заминҳои корам наздиҳавлигӣ ҳамчун захираи хурока барои фасли зимистон занон консерва омода месозанд.

Истифодаи дурусту самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ яке аз воситаҳои муҳими таъмини зиндагии шоистаи ҳар сокини мамлакат буда, инчунин заминаи хуби захирасозӣ барои фасли зимистон мебошад. Сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ суханони Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Мо бояд маданияти заминдориро ба таври қатъӣ баланд бардорем, яъне муносибати худро нисбат ба замин, об ва дигар захираҳои табии кишварамон куллан тағйир диҳем, ба холӣ мондани заминҳои корам роҳ надиҳем, аз ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода карда, аз заминҳои обӣ гирифтани се ва ҳатто чор ҳосил, яъне кишти такрориро васеъ ҷорӣ кунем ва ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем» - ро шиори худ дониста, дар кори ҳамарӯзаи худ истифода намуда истодаанд. Сокинони меҳнатдӯсти ноҳия дар заминҳои наздиҳавлигии худ кишти ҳама гуна сабзавотро ба роҳ мондаанд ва пас аз пухта расидани маҳсулотҳои кишткардаашон миқдори лозимаро барои худ нигоҳ дошта, боқимондаашро ба бозор мебароранд. Иқдоми мазкур сари вақтӣ буда, самаранок ва оқилона истифода бурдани заминро бозгӯ мекунад.