ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Ҷиҳати афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки обу заминҳои корам ва наздиҳавлигию президентӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кормандони Кумитаи иҷроия ҳамарӯза дар деҳот бо усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондидиҳиро роҳандозӣ намуда, бо ҳар як оила шинос шуда, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, истеҳсолу захираи кофии маводи хӯроквории сокинонро дида баромада истодаанд.
Ин навбат масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ аз замини наздиҳавлигии оилаи Муродовҳо сокинони деҳаи Якуми майи Ҷамоати деҳоти 50 – солагии Тоҷикистони ноҳия дидан намуда, аз истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлгӣ шинос шудаанд.
Бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза таъкид намуданд, ки ҳар як моро зарур аст, ки корро тарзе ба роҳ монад, ки барои бартараф кардани ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошад ва захираи маводи хӯрокаро афзун намояд, то ин ки аз норасогии маводи ғизоӣ танқисӣ ва муҳтоҷӣ накашад.
Заминҳои наздиҳавлигиро самараноку босифат истифода бурда, барои руёнидани чанд ҳосил чораандеши намоянд.
Баргузории чунин суҳбатҳо дар бобати истифодаи ҳар ваҷаб замин самараи нек дода истодааст.
Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, ки бо истифодаи самараноку оқилонаи ҳар як ваҷаб замин ва захира намудани маводи ғизоӣ зиндагии хешро боз ҳам рангину гуворо намоем.
Шуъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар н. Абдураҳмони Ҷомӣ