"ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА"

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе бо иштироки васеи кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони ҳар як деҳаву маҳалла дар ноҳияи Ҷайҳун шанбегии дастаҷамъона баргузор карда мешавад.

      Аз он ҷумла, санаи 10-уми июн бо иштироки кули аъзо ва ҷонибдорони ташкилотҳои ибтидоии “Раёсати молия”, “Шуғли аҳолӣ”, “Шуъбаи хизматрасонӣ дар хона” ва “Ҳифзи муҳити зист” чунин шанбегии васеъ баргузор гардид, ки мақсад аз ташкили шанбегии мазкур ин саҳмгузорӣ дар тозагии ҳифзи муҳити зист ва атроф мебошад.