ВАТАН ОБОДИЯТ ОБОДОИИ МОСТ

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод  сокинон ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод дар асоси нақша – чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ таҷлил намуданӣ Рӯзи «Ваҳдати миллӣ», инчунин барои тоза кардани роҳу кӯчаҳо, соҳили дарёҳо, хиёбону гулгаштҳо, ҷойҳои ҷаъмиятӣ омодагӣ дида, аз ҷониби кормандони ташкилоту муассисаҳо, сокинони ноҳия ҳашарҳои умуминоҳиявӣ доир намуданд.

Дар доираи ин иқдом ҳамарӯза аз ҷониби кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва сокинони ноҳия дар ҳудуди ҳамаи Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия  ва назди корхонаю муассисаҳо ҳашарҳоии дастаҷамъона доир карда мешавад, ки дар рафти он дохили боғу гулгаштҳо, хиёбонҳои марказии ноҳия ва соҳили сойҳо аз алафу буттаҳои бегона тоза ва нарм карда мешаванд.

Дар доираи ин иқдом сокинони ҷамоати шаҳраку деҳот дар шоҳроҳ ва  ҳудуди ҷойҳои ба онҳо вобасташуда ҳашари дастаҷамъона доир карда шуд, ки дар рафти он қад-қади шоҳроҳ аз алафҳои бегона тоза карда шуда  соҳили сойҳо тозаву озода гардонида шуданд.

Лозим ба зикр аст, ки ин гуна ҳашарҳои умуминоҳиявӣ вобаста ба  сазовор пешвоз гирифтан ва таҷлил намудани  Рӯзи «Ваҳдати миллӣ» бомаром идома хоҳад дошт.