МЕБОЛАМ АЗ ОН МИЛЛАТИ БОСТОН ДОРАМ...

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Мо мардуми тоҷик аз қадим ҳамчун миллати соҳибтамаддун шинохта шуда, то ба имрӯз дар арсаи ҷаҳон шуҳрат, манзалат ва маҳбубияти хоса дорем. Гузаштагони мо аз азал чун мардуми бунёдкору созанда шинохта шуда, рисолати бунёдкоронаву ободкоронаи худро то ба имрӯз давом дода истодаанд, ки имрӯзҳам самараи неки ободкориву созандагӣ мушоҳида мегардад.

Аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон низ аз мактаби бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат рӯҳияву илҳоми тоза гирифта, чун фарзандони содиқу вафодор, баҳри тозаву озода нигоҳ доштани роҳраву ҷуйҳо саҳми муносиб гузошта истодаанд, ки ин боиси сарбалндӣ ва ҳиматбаландии ҳар як фарди худшиносу худогоҳ мебошад.