ОБОДИИ ДОМОНИ ТУ САРСАБЗИИ ФАРДОИ МОСТ!

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар кишвари озодаи мо сулҳу сафост,

Дар чашми ҳама нишонаи меҳру вафост.

Овозаи номи Тоҷикистони азиз,

Аз заҳмати Пешвои фархундаи мост.

Ободии диёр сарсабзии фардои мост, ки ҳамчун мерос ба наслҳои гузашта мо онро боқӣ мегузорем. Бо устувории Истиқлолияти давлатӣ ва партавафшонии ваҳдату оромӣ, бо рисолати шуҷоатмандонаву бунёдкорона мо баҳри сарсабзиву хуррамии Ватани азизамон саҳм мегузорем.

Зери сиёсати хирадмандонаву сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззами миллат, мардуми сарбалнди ноҳияи Балҷувон низ талош бар он меварзанд, ки саҳми кӯчаке ҳам бошад баҳри ободии диёр гузоранд ва ин нишонаи меҳру муҳаббат дар чашми ҳар як сокини ноҳия баръало дида мешавад.