НАФАҚАИ ҲИЗБӢ РАСОНИДА ШУД.

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади пайравӣ аз сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа ва маъюбону барҷомондагон,  як нафар маъюб, сокини деҳаи Тутзори Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллии ноҳияи Ҷайҳун ҳар моҳ бо нафақаи ҳизбӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таъмин карда мешавад.

    Бо ин мақсад санаи 2-юми июни соли равон Аёзов Юсуфҷон бо нафақаи ҳизбӣ барои моҳҳои апрел ва майи соли 2023 дар ҳаҷми 1000 сомонӣ дастрас карда шуд.