Кӯдакон ба дунё бо чашми нек менигаранд.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳамасола дар саросари олам санаи 1-уми июн Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон қайд карда мешавад.

Аз он ҷумла дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо низ, ки аъзои тамоми созмонҳои байналмиллалӣ мебошад, Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон бо як тавваҷҷуҳи хосса қайд карда мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон иброз доштаанд, ки "Ояндаи давлату миллати мо дар дасти кӯдакону ҷавонони имрӯза мебошад. Кӯдакон сазовори ҳаёти арзандаанд ва вазифаи мо аз он иборат аст, ки чунин муҳитро барои онҳо муҳайё созем ва барои ба ҳаёти оянда омода шудани кӯдакон ба онҳо кӯмак расонем".
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва саҳми вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ, Завқиев Музаффар имрӯз бо иштироки раиси Кумита и иҷроия Ҳамидзода Абдулҳафиз ва муовини раиси ноҳияи Дӯстӣ, Мирзосафарзода Шамсиддин   бахшида ба Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон ба 20 нафар кӯдакони ятим ва нимаятим туҳфаҳо аз қабили сару либос ва лавозимоти хониш тақдим карда шуд.
Аз ин иқдоми пешгирифтаи вакил Завқиев Музафар, кӯдакон хеле хурсанд гардида иброз доштанд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда ба ватани азизамон самимона хизмат менамоянд.