Саҳми навбатии вакили ноҳиявӣ дар бунёди синфхонаҳои иловагӣ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №64-и деҳаи Восеободи калони ноҳияи Восеъ бунёди ду синфхонаҳои иловагӣ оғоз гардид. Иқдоми мазкур дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" роҳандозӣ гардида, бо кӯмаки аъзои фаъоли ҳизб, шахсони саховатманди деҳа ва ногуфта намонад алалхусус бо дастгириҳои вакили саховатпеша, инсондӯсту хайрхоҳи ноҳия Азизов Саймухтор бунёд ёфта истодааст.Албатта бунёди синфхонаҳои иловагӣ бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи насли наврас мусоидат намуда, хонандагон баъди ба истифода додани синфхонаҳои иловагӣ метавонанд аз он васеъ истифода намоянд. Ҳамзамон ин имкони кам кардани норасоии ҷойи нишаст дар муассисаи мазкур мегардад ва туҳфаи хубе ба хонандагону омӯзгорони муассиса мебошад. Айни замон дар сохтмони синфхонаҳо сокинони деҳаи номбурда, махсусан омӯзгорони мактаб, саҳми калон гузошта истодаанд. Пойдевори синфхонаҳо аз ҷониби онҳо бо роҳи ҳашар оғоз гардида, корҳо дар ин самт идома доранд.