КОРҲОИ ФАҲМОНИДАДИҲИИ УСУЛИ «ХОНА БА ХОНА»

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Суҳбати хона ба хона яке аз тарзи дуруст ба мардум фаҳмонидани сиёсати созанда ва ободкоронаи Пешвои миллат, раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷиҳати ба мардум расонидани дастуру супоришҳои мақомати болоии ҳизби бо усули “хона ба хона” ба сокинони маҳалаи ба номи Б. Раҳизодаи ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оиди талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи басъулияти падару модар дар таълуми тарбияи фарзадан”, моҳияти истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ инчунин, бо сардорони оилаҳо оиди истифодабарии оқилонаи неъруи барқ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, сафарбаркунии фарзандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва иштироки фаъолона дар шанбегиҳву дигар чорабиниҳои фарҳангии ноҳия суҳбату мулоқотҳо гузаронида шуд.
Зимни баргузории суҳбатҳо бо сокинон қайд намуданд, ки дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки бо истифода аз тухмиҳои аъло сифат ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва бо ҳамин роҳ гирифтани то се ҳосилро хусусан дар соли 2023 таъмин намоянд.
Бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза ҳар як сокини ҷумҳурро зарураст, ки корро тарзе ба роҳ монем, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошем.
Илова бар ин вобаста ба истифодаи мақсадноки замин масъулин таъкид доштанд, ки дар сурати истифодаи дурусти замин мо метавонем маҳсулоти кишоварзиро дар бозорҳои кишвар таъмин сохта нарху навои онро бошад, муътадил нигоҳ дорем.
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории суҳбату мулоқодҳои усули “ Хона ба Хона” бо сокинони деҳаи Боқи Раҳизода - и қаламрави ҷамоати деҳоти Иттифоқи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳудуди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Шӯъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар н. Абдураҳмони Ҷомӣ