Соати сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ҷараён дорад.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ бо иштироки омӯзгорони ботаҷрибаву рӯзгордида соати сиёсӣ гузаронида шуд.Мақсад аз  баргузории  соати  сиёсӣ  қабл  аз  ҳама  мафҳуми  Ватану ватандорӣ, қадру  манзалати  истиқлолияти давлатӣ, худшиносиву худафрӯзӣ,  ҳувияти  миллӣ ва  арзишҳои  волои  ҷомеаи  шаҳрвандӣ дар  қалбу  шуури  ҳар  як  насли  ҷавони  ояндасози  кишвар ҷой  кардан мебошад.