САРСАБЗИИ ДОМОНИ ТУ САРСАБЗИИ РАХШОНИ МОСТ!

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Сарсабзу хуррамгардонии ҳар як гӯшаи диёр ва тозаву озода намудани ҷуйҳою роҳравҳо нишонаи фазилати баланди инсонӣ, дар масири роҳи ободиву пешравӣ ва шинохти дарки масъулияти волост.

Мардуми саодтамнади ноҳияи Балҷувон тозагии муҳити атроф, кӯчаву гулгаштҳо, деҳаву маҳаллаҳо, ҷуйҳою роҳравҳо, гирду атрофи биноҳои корӣ, ҷойҳои ҷамъиятиро доимо тозаву озода нигоҳ намуда, масъулияти шаҳрвандии хешро иҷро менамоянд, ки ин ҳама натиҷаҳо аз шукуҳи самараи Ваҳдат, Истиқлолият маншаъ мегирад.