ВАРЗИШ ТАШАККУЛИ СОЛИМИЮ ҶИСМОНИИ ИНСОН БА ҲИСОБ МЕРАВАД

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Варзиш воқеан ҳам воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавии инсон буда, мунтазам машғул гардидан бо он махсусан дар замони ҳозира бисёр муфид аст. Бахшида ба Рӯзи ҷавонон инчунин бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди бозиҳои варзишӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии милии ҷавонон ва оммавӣ гардонидани бозии шоҳмот миёни кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мусобиқаи варзишӣ доир гардид.

Бояд тазаккур дод, ки бозии шоҳмот бозии завқовари рӯйимизӣ мебошад. Ин бозӣ яке аз бозиҳои қадимтарини дунё ҳисобида мешавад. Аслан, шоҳмотбозӣ ба сифати бозии зеҳнҳо маъмул буда, навъе варзиши фикрӣ байни ду бозингар арзёбӣ мешавад. Илова бар ин, шоҳмотбозон байни мардум баъзан бо унвони «Интеллектҳо» ёд мешаванд. Бояд таъкид кард, ки на ҳама кас аз уҳдаи ин навъи бозӣ ба осонӣ мебарояд. Санҷиши зеҳн, озмудани фаросат, дақиқ ва мутамарказ кардани диққат унсурҳоеанд, ки дар ин бозӣ барандаро муайян ва мушаххас мекунанд.

Мусобиқа дар ҳамбастагӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ Ҷавонон ва варзиш” баргузор гардида, дар ташкил ва гузаронидани ин мусобиқа саҳми беандоза доштанд. Ҳамзамон ғолибони даври ниҳоии мусобиқа бо туҳфаҳои хотирвӣ қадрдонӣ гардиданд.