АЁДАТИ ҶАВОНОНИ БЕМОРУ НИЁЗМАНД ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Имрӯз бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Самадзода Саёҳат - муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷавонони маъюбу ниёзмандро аёдат кард.
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ ҷавонони беморро аёдат кард.
Зимни суҳбат бо волидони ҷавонони бемор таъкид гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахсони яккаву танҳо, ятимону маъюбон тавачҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар асоси сиёсати инсондӯстонаи Сарвари давлат чунин ашхос ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ қарор мегиранд.
Самадзода Саёҳат ба Файзалиев Абдураҳмон, ки бо амри тақдир маъюб мебошанд, аз номи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аробачаи маъюби дастрас намуд.
Оилаи Файзалиевҳо аз ин таваҷҷуҳ хушҳол гардида, ба Ҳукумати мамлакат миннатдорӣ баён намуданд.
Шуъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар н. Абдураҳмони Ҷомӣ