РИСОЛАТИ АҶДОДИИ МО ОБОДИВУ ХУРРАМГАРДОНИИ МЕҲАН.

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Мо аз рисолати гузаштагони миллати хеш фахр месозем, ки аз қадим чун мардумони ободкору созанда шинохта шуда, то ба имрӯз таърих онҳоро ба неки ёд месозад.

Насли ҷавону умедбахш зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри ободиву пешравӣ ва сарсабзу хуррамгардонии ҳар як гӯшаи диёр саҳм гузошта, бо чунин амалҳои неку созанда худро собит месозанд.

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон баҳри тадбиқи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пайваста миёни сокинони ҷамоатҳои ноҳия суҳбату мулоқот доир намуда, амалисозии ташаббусҳои ҳизибро баҳри салоҳи кор медонанд.