Рассомони беҳтарин қадрдонӣ гардиданд.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Озмуни “Рассоми беҳтарин”, ки бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардида буд, санаи 23.05.2023 ҷамъбаст гардид. Дар он хонандагону ҷавонони боистеъдоди муасисаҳои таҳсилоти миёна, литсейҳои ҳудуди ноҳия ширкат варзида, истеъдоди рассомии худро нишон доданд. Инчунин, ба 3 нафар ғолибони озмуни расмкашӣ дар мавзӯи ”5-умин ташаббуси Пешвои миллат оид ба эълон гардидани соли 2025 – соли ҳифзи пиряхҳо” Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ аз ҷониби мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Гулрухсор Мирзоева тақдим карда шуд.