Маслиҳатҳои муфид ба кормандони ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи Маркази”-и ноҳияи Восеъ аз ҷониби раисон.

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар арафаи ҷашну маросимҳои суннатӣ аз беморони барҷомондаву бистарӣ  хабар гирифтан ва ба онҳо кумак расонидан амали хайру савобест. Ба ҳамин хотир, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон муҳтарам Саидзода Ҷамшед Раҳмон, раиси ноҳияи Восеъ  муҳтарам Шарифзода Ҷамшед Раҳмон дар маркази таваҷҷуҳи худ ёрӣ расондан ба беморону маъюбонро қарор дода, ба аёдати беморони эҳтиёҷманди Беморхонаи Марказии ноҳияи Восеъ ташриф намуда буданд.

Бояд қайд намуд, ки ҳам раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва ҳам раиси ноҳияи Восеъ ҳамин гуна корҳои хайру савобро тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ карда,  аз шароити зиндагию ҳолу аҳволи маъюбону бистариён пайваста хабар мегиранд.

Зимни сӯҳбат бо сардухтур ва кормандони масъули Беморхонаи Марказии ноҳия ҳарду раисон иброз намуданд, ки Ҳукумати кишвар ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон мунтазам ғамхорӣ зоҳир карда, барои беҳтар сохтани шароити иҷтимоии онҳо тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамояд. Аёдати беморону маъюбон яке аз сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат буда, ҳамасола тибқи супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа кумакҳои моддӣ расонида мешавад.

Дар охир ба раиси ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи Маркази”-и ноҳияи Восеъ Иброҳимзода Сарахон аз ҷониби раисон барои хубтару беҳтар нигоҳубин намудан ва муҳайё намудани шароити хуб барои беморон дастуру супоришҳо ва маслиҳатҳои муфид дода шуд.