ЗАМИНҲОИ НАЗДИМУАССИСАВӢ САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРДА МЕШАВАНД

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Дар идомаи корҳои тарғиботӣ оид ба самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ бо усули “Хона ба хона” дар деҳаи Бадрддини Ҳилолӣ Ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳия, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз заминҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45 дидан намуд.
Дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супориши раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон, инчунин нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия заминҳои наздимуассисавӣ самаранок истифода бурда мешаванд.
Тибқи иттилои директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45-и Ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Маҳмадёров Ҳакимҷон дар самти оқилона истифода намудани ҳар як ваҷаб замини наздиҳавлигӣ тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ карда истодаанд.
Ҳар як ваҷаб замини наздиҳавлигии муассиса самаранок истифода шуда, ба ин васила ҳамасола эҳтиёҷоти муассисаи номбурда аз замини наздиҳавлигӣ бо сабзавоти тару тоза таъмин мешавад.
Баъд аз ҷамъоварии картошка заминро холи намонда, сабзавоти мувофиқ ба фасли сол шинонида мешавад. Дар баробари мусоидат дар таъмини амнияти озуқаворӣ, инчунин дар тарбияи меҳнатдӯстии насли наврас мусоидат мекунанд.
Дар дигар муассисаҳои таълимии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ самаранок истифода кардани заминҳои наздимуассисавӣ идома дорад.
Шуъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар н. Абдураҳмони Ҷомӣ