ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ ЗЕРИ НАЗОРАТИ КУМИТА ҚАРОР ДОРАНД

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастури муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар ҷаласаи ҷамъбастии соли 2022 оиди ҳуҷҷатгузории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳру ноҳияҳо қайд гардида буд, бо ташаббуси роҳбарияти  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикиситон дар шаҳри Левакант Олимзода Низора аз сарпарастони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар шаҳри Левакант оиди ҳуҷҷатгузорӣ тибқи “Роҳнамо” корҳои назоратӣ баргузор карда шуд. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант тасмим гирифтаст, ки охири ҳафта аз вазъи молиявии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дидан намояд.